Гароншавии босуръати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон сабаби камҳаракатии нақлиёт шудааст

© Sputnik / Константин МихальчевскийЗаправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Тайи се – чор рӯзи охир нархи гази моеъ, яке аз умдатарин маводи сӯзишвории воситаҳои нақлиёт дар шаҳру навоҳии Суғд боз баланд шуда ба 5, 5 сомонӣ расидааст. Дар ҳамин ҳол арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ ба 9, 4 ва 8, 9 сомонӣ дакка задааст
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Давоми се – чор рӯзи охир, дар аксар фурӯшгоҳҳои маводи сӯхт баландшавии нарх мушоҳида мешавад. Бино ба нархномаи ширкатҳо, ҳоло нархи бензини навъи АИ 95 - 9, 8 сомонӣ, АИ 92- 9, 4 сомонӣ, дизел - 8, 5 сомонӣ ва нархи гази моеъ ба 5, 5 сомонӣ баробар шудааст.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, нархи маводи сӯхт дар муқоиса ба даҳ рӯзи қабл аз 30 то 50 дирам баланд шудааст.
Ҳудуди ду ҳафта пеш бензини навъи АИ 95 - 9, 4 сомонӣ, АИ 92- 9, 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ - 8, 4 сомонӣ ва нархи гази моеъ - 5, 2 сомонӣ фурӯхта мешуд.
На одной из автозаправочных станций  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
“Камчин нест, аммо қимат мешавад”: сабабҳои гароншавии нархи маводи сӯзишворӣ
Болоравии босуръати нархи сӯзишворӣ сабаби камҳаракатии воситаҳои нақлиёт шудааст. Ҳоло ҳаракати мошинҳо дар роҳу кӯчаҳои Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Суғд аз пеш дида камтар мушоҳида мешавад.
Кароматулло Холов як ронандаи мошин иброз менамояд, ки болоравии нарх ба ҷайби ронандаҳо зарбаи амиқи иқтисодӣ мерасонад.

“Нархи навои сӯзишворӣ рӯз ба рӯз боло рафта истодааст. Барои мисол агар як моҳ пеш 10 литр газро бо 50 сомонӣ мехаридед, ҳоло он 55 сомонӣ шудааст. Дар чунин шароит соҳибони воситаҳои нақлиёт водор мешаванд, ки ба ҷайби худ нигоҳ карда, мошин савор шаванд”, - гуфт Кароматулло.

Баъзе дигар ронандаҳо низ дар бораи мушкили болоравии нархи маводи сӯхт таъкид намуданд. Болоравии нарх назар ба аввалҳои соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз 1, 5 то 1, 8 ва 2, 4 сомонӣ ё аз 20 то 30 фисадро ташкил медиҳад.
Дар моҳи январ нархи гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Аз маълумоти Идораи гумрук бармеояд, ки дар моҳи майи соли 2021 нархи миёнаи як тон гази моеъи воридотӣ 451,0 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аммо роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ (АЗС) ё чаканафурӯшон мегуянд, ширкатҳое, ки ба воридоти гази моеъ машғуланд дафъаҳои охир қиммати фурӯши як тон гази моеъро то ба 9200 сомонӣ баробар кардаанд.
“Як кило газ ба 1890 грам ё қариб ба 2 литр баробар аст. Мо ҳисоб кардем, ки хариди ҳар як литри газ бо ҳисоби 5, 12 ё 5, 14 сомонӣ рост меояд. Болои ин 25 дирам андози чакана ва 6 дирам ширкате, ки ҳисоботи фурӯши моро дар назди идораи андоз мебарад, меситонад, ки дар умум як литр гази моеъ ба 5, 15 дирам баробар мешавад, мо 5 дирам монда ба 5, 5 сомонӣ мефурӯшем. Агар ин ҷо маоши коргар ва маблағи барқро ҳисоб кунед, хароҷот нисбат ба фоида бештар ҳисоб мешавад”, - гуфт роҳбари ширкати таъминоти сӯзишворӣ.
Таконхурии нарх дар ҳолест, ки кунун масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаб ва омилҳои онро расман шарҳ надодаанд. Соли гузашта масъулини ин ниҳод эълом намуда буд, ки дар пайи санҷиш ҳолатҳои беасос болобурдани арзиши фурӯши сӯзишворӣ дар як қатор ширкатҳо ошкор гардид.
Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Аз 15 то 40 дирам: нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд гарон шуд
Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта буданд, ки ин ширкатҳоро аз 50 то 200 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Аммо ба хотири ҳифзи обрӯ аз ширкатҳо ном нагирифтанд. Поёни соли гузашта дар пайи ин “гушмол”- и мақомот қимати маводи сӯхт то 18 % поён шуда буд.
Дар Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилои Идораи гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала