Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон ба бошгоҳи белорусӣ пайваст

© сомонаи ФФТШаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон бо бошгоҳи "Торпедо-БелАЗ" –и шаҳри Жодино Белорус
Шаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон бо бошгоҳи Торпедо-БелАЗ –и шаҳри Жодино Белорус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамлагари тими миллии кишвар ба як бошгоҳи белорусӣ пайваст
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Шаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон бо бошгоҳи "Торпедо-БелАЗ" –и шаҳри Жодино Белорус шартнома ба имзо расонд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Шаҳром Самиев аз клуби "Динамо-Авто" ба "Торпедо-БелАЗ" гузашт. Дар тими молдавии “Динамо Авто” футболбози тоҷик ба ҳайси бозигари кироя ҳунарнамоӣ мекард.
Манбаъ афзуд, ки дар мавсими 2020/21, Самиев дар ҳайати “Динамо-Авто” дар дивизиони миллии Молдова 19 бозӣ гузаронида, ҳафт гол задааст.
Дар вақтҳои гуногун Самиев инчунин дар бошгоҳҳое, ба монанди "Барқӣ", "Данғара" ва "Истиқлол" бозӣ мекард. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев 10 бозӣ гузаронидааст, ки дар онҳо чор гол задааст.
Ин дар ҳолест, ки зимистони соли 2021, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, Табрези Давлатмир бо бошгоҳи Эстония “Нарва-Транс “шартнома баст ва як варзишгари дигари ин даста Фарҳод Восиев ба дастаи “Тамбов” - и Русия пайваст.
Футболбозони тоҷик дар бошгоҳҳои дигари бонуфузи хориҷа низ бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала