Холиқзода: дар афви гузашта ба маблағи 191 миллион доллар дороӣ қонунӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Национального банка Таджикистана
Пресс-конференция Национального банка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон афви ҷадиди пулу дороӣ эълон карда шуд, аз раиси Бонки миллии кишвар аз натиҷаҳои афви гузашта суол карданд
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҳафтаи равон зимни баррасии қонуни афви пулу дороӣ дар парлумон аз Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ дар бораи натиҷаҳои афви дороие пурсид, ки соли 2007 эълон шуда буд.
Ҳоким Холиқзода, посух дод, ки соли 2007 дар низоми бонкии кишвар ба маблағи 528 миллион сомонӣ ва ё 191 миллион доллари амрикоӣ дороии шаҳрвандони мамлакат қонунӣ гардонида шуд.
“Маълумот дар бораи маблағу дороии шаҳрвандон ҳамчун сирри бонкӣ махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Яъне, бехатарии маблағҳои қонунигардида таъмин хоҳад гардид”, - посух дод Холиқзода.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 2 июл баъди қабули парлумон қонуни нав "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон" – ро имзо кард, ки баъди нашр дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
Тавре дафтари матбуоти президент менависад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ин дороиҳо ва маблағҳо алоқаманд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
12 моҳ муҳлат: касе пулашро қонунӣ кунад, ҷиноятҳояш афв мешаванд – тафсилот
Ҳамчунин, мувофиқи ин қонун дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда, дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад. Қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд, таъкид намуд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0