Норозигии раиси Хоруғ аз холӣ будани банкоматҳо

Мирзонабот Алишер Худоберди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Обуна шудан
Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ, аз холӣ будани банкоматҳо дар маркази маъмурии ВМКБ изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Хоруғ бо иштироки мақомдорони бахшҳои гуногун машварати корӣ баргузор намуда, масъалаи кори бонкҳо дар шаҳрро низ баррасӣ кардааст.
Ба иттилои нашрияи мақомоти шаҳрдории Хоруғ, Алишер Мирзонабот зимни баррасии кори бонкҳо аз сари вақт пур нагардидани банкоматҳои ҳудуди шаҳр нисбати масъулини “Амонатбонк” эрод гирифт.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо ноиби кулли Президенти ширкати “Giesecke+Devrient”, Вернер Рейш ва ноиби Президенти ширкат оид ба фурӯши банкнотаҳо Аркадий Ноткин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Чопкунандаҳои пули “Сомонӣ” бо бонкдори асосии Тоҷикистон мулоқот карданд
Шаҳрдори Хоруғ ба масъулин супориш дод, ки ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, зеро имрӯзҳо мавҷи дуюми бемории коронавирус хуруҷ кардааст.
“Мардум набояд дар як ҷо гирд зиёд гирд оянд. Вале бо сабаби набудани пул дар дигар банкоматҳо мардум маҷбур мешаванд дар як ҷо ҷамъ омада, маблағашонро гиранд”, - изҳори нигаронӣ кардааст раиси Хоруғ.
Масъулин филиалҳои “Амонатбонк” аз зиёд шудани қарздиҳӣ ба аҳолӣ гузориш додаанд. Тибқи иттилои расмӣ, бақияи сандуқи қарзӣ ба ҳолати 31- уми майи соли 2021 маблағи 6 миллиону729 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Таъкид шудааст, ки бақияи сандуқи қарзи панҷ моҳи соли 2021 нисбати бақияи сандуқи қарзии панҷ моҳи соли 2020 ба маблағи 3 миллиону 618 ҳазор сомонӣ ё 216 фоиз зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0