Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳанд

© Sputnik / Vladimir Astapkovich / Гузаштан ба хазинаи аксВодитель такси возле машины на затопленной улице в Москве
Водитель такси возле машины на затопленной улице в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Обуҳавошиносон эҳтимоли сар задани селро пешбинӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Аз 3 то 6 июли соли равон дар мамлакат ҳарорати ҳаво боло рафта, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 3-7 июл бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Вахш пешгӯӣ мешавад.
Дар ин замина Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат даъват менамояд, ки дар ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, селпарто ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза намоянд.
Ҳамчунин аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала