Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Шарҳи вазъи саломатии вазир - Шералӣ Кабир, ки бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шудааст

 Шерали Кабиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Наздикони Шералӣ Кабир, вазири 49-солаи саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гирифторияшро ба беморӣ бо аломатҳои коронавирус таъйид карда, таъкид мекунанд, ки вазъи саломатияш беҳбуд ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон бо илтиҳоби шадиди шуш дар Беморхонаи гастроэнтрология, ки бо номи беморхонаи Мансуров маъруф аст, бистарӣ шудааст.
Наздикони Шералӣ Кабир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҳудуди ду ҳафта қабл ӯ худро нороҳат эҳсос кард ва баъди пайдо шудани аломатҳои бемории коронавирус ба беморхона муроҷиат кардаанд.
"Рӯзҳои аввал вазъаш вахим буд, чанд рӯз зери дастгоҳи ҳаводиҳии сунъӣ қарор дошт. Ду рӯзи охир вазъаш хуб буда, озодона ҳарф мезанад", - изҳор дошт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Шералӣ Кабир, ки расо 8 моҳ қабл ба мақоми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъйин шуд, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ – кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аз ҳатмӣ шудани ваксина то гӯшанишинии 10-рӯза ва тӯйҳо: муроҷиати Ситод ба тоҷикистониён
Соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуд.
Доктори улуми иқтисод (2013), донандаи забонҳои русиву англисӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад. Шералӣ Кабир дар оғоз дар вазифаи муовини тиҷории раиси кооперативи “Сигнал”- и заводи “Спетсавтоматика” (1993 – 1994) ба фаъолият пардохта, як замон муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии “Тенис” – и шаҳри Душанбе (1994 – 1999) низ буд.
Пас аз ин ӯ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба кор омад. Нахуст дар вазифаҳои мутахасиси дараҷаи аввал, сармутахасис, сардори шӯъба дар Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ - техникӣ (1999 – 2001) ва сипас сармутахасиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ (2001) кор кард. Як муддат сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулоти саноатӣ (2001 – 2003) – и Тоҷикистон буд.
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Марги ду нафар ва гирифторшавии рекордӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори вазорат
Аз соли 2003 то 2005 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” дар вазифаҳои гуногун, аз сардори Идораи амалиёти бонкӣ то муовинии раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” кор кардааст Пас аз ин ӯ ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки дар вазъи буҳронӣ қарор дошт ва соли 2007 ба Ширкати алюминиуми Тоҷикистон табдили ном кард, ба кор омад.
Дар оғоз муовини якуми директори Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (2005) буд.
Баъдтар директори молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (2007) таъин шуд. Аз соли 2015 то таъйинаш ба мақоми вазирӣ раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати алюминий тоҷик” буд, ки ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла “Алюминсохтмон”, “Талко кабел”, “Талко флюарит”, “Талко Кемикал”, “Талко Ресурс”, Талко Голд” ва ғайраро муттаҳид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала