Зан латукӯби шавҳарашро ба навор гирифту ба милиса дод: видео аз ҷои ҳодиса дар Душанбе

© РВКД дар ДушанбеҲабси мард барои латукӯби ҳамсар
Ҳабси мард барои латукӯби ҳамсар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Дар навор дида мешавад, ки ӯ бо таҳдид ҳамсари собиқашро шиканҷа медиҳад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикитон дар Душанбе аз шикояти зане нисбати собиқ ҳамсараш хабар додааст.
Зан навореро, ки дар он собиқ ҳамсараш Фарҳод Ризоеви 49-сола ӯро латукӯб мекунад, ба раёсат пешниҳод намудааст.
РВКД менависад, зимни санҷиши навори ҳодисаи хушунати оилавӣ Ризоев Фарҳод, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Деҳи боло муайян карда шуд, ки ҳодиса дар манзили зисти мард рух додааст
Ӯ бо собиқ ҳамсараш, зани муроҷиаткунанда Ф.М., муноқиша намуда, охиронро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додааст.
"Бо назардошти кирдорҳои зиддиҳуқуқии содиргардида нисбати шаҳрванд Ризоев Фарҳод Икромович тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб додашуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Нисбати Фарҳод Ризоев бо Қарори Суд ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала