Англия Украинаро бо ҳисоби бузург мағлуб кард: Ҷоми Аврупо - 2020

© REUTERS / FRANK AUGSTEINФинал футбола ЕВРО-2020 между сборными Англии и Германии
Финал футбола ЕВРО-2020 между сборными Англии и Германии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Тими Бритониёи Кабир дар бозӣ бо дастаи Украина маҳорати баланд нишон дод
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бозии футбол байни дастаҳои мунтахаби Бритониёи Кабир ва Украина бо шикасти харобиовари охирин хотима ёфт.
Вохӯрӣ бо ҳисоби калон ба анҷом расид: бритониёиҳо ба дарвозаи Украина 4 голи беҷавоб ворид карданд.
Гарри Кейн дар ин бозӣ ду бор гол зад. Гарри Магуайр ва Ҷордан Ҳендерсон низ як тубӣ ба номи худ сабт намуданд.
Украинские болельщики танцуют перед матчем чемпионата Европы в Бухаресте  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Ғайриинтизор: Украина Шветсияро шикаст доду ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт
Ҳамин тариқ, Бритониёи Кабир ба даври нимниҳоӣ мебарояд ва бо тими миллии Дания вомехӯрад.
Дания дар даври чорякфинал тавонист рақибони худ аз Чехияро мағлуб кунад. Ин даста дар панҷ дақиқаи аввали бозӣ голи аввалро зад ва сипас бартарии худро то номаи дуввуми бозӣ нигоҳ дошт.
Польская болельщица на Евро-2020 в Севилье, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Зебо ва ҷаззоб: 12 акси духтарони нозанин - ҳаводорони Ҷоми Аврупо - 2020
Патрик Шик, бозигари чех, дар нимаи дуввум ҳисобро баробар кард. Аммо боз як тӯби дигари дастаи Дания ба чехҳо имкони пирӯзӣ надод ва бозӣ бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи Дания хотима ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала