Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

“Бистариёни “Клиникаи Мансуров”: аз вазирони ҳозиру собиқ то модарарӯси президент

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Обуна шудан
Насим Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки директори Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон, дар миёни мардум маъруф ба “Клиникаи Мансуров” таъин шуда буд, бо аломатҳои “вируси корона” дар пажӯҳишгоҳи мазкур бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Бино ба иттилои манбаъи Sputnik Тоҷикистон, собиқ вазири тандурустӣ як ҳафтаи қабл дар пажӯҳишгоҳе, ки сарвараш аст, бистарӣ шуда, як марҳалаи буҳрониеро аз сар гузаронд.
“Дар ҳоли ҳозир вазъи он кас ба эътидол омада, хеле ба худ омадаанд ва то чанд рӯзи дигар сиҳат хоҳанд ёфт. Аз ҳама муҳим, хатар ба зиндагии собиқ вазири тандурустӣ бартараф шудааст”, - гуфт ин манбаъ.
Насим Олимзода солҳои 2017 ба 2020 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон буд. 5 майи соли 2020 дар айни авҷи буҳрони “вируси корона” аз вазифа сабукдӯш ва моҳи ноябри ҳамон сол директори Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Қаблан манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз бистарӣ шудани Шералӣ Кабир, вазири 49-солаи саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо аломатҳои “вируси корона” дар “Клиникаи Мансуров” хабар дода буданд. Бино ба иттилои тоза, ки дастрас шуд, вазъи сиҳатии вазири саноат ва технологияи нав хеле беҳбуд ёфта, ба ҳамин қарибӣ аз шифохона рухсат хоҳад шуд.
 Шерали Кабиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Шарҳи вазъи саломатии вазир - Шералӣ Кабир, ки бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шудааст
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон бистарӣ шудани Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро низ бо аломатҳои “вируси корона” дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология таъйид карданд. Мавсуф 88-сол дошта, модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст, ки як ҳафтаи ахир таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, як феҳристи начандон бузурге аз бистарӣ шудани афроди маъруфи сиёсату фарҳанги Тоҷикистон низ дар дастрас қарор дорад, ки тафсилоти кофие аз онҳо ба даст наомадааст.
Мотам дар оилаи 13 чеҳраи шинохта ва омори нави Вазорат аз гирифторӣ, шифо ва фавт
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 3 июл 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, инчунин, 13 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз 30 апрели соли 2020 то 3 июл дар Тоҷикистон 13 ҳазору 569 гирифтори коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин 13 ҳазору 346 нафар (98,4%) шифо ёфтаанд ва 92 нафар фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0