Қрим боз дар гирдоби сел: даҳҳо манзилҳои хусусӣ зери об монданд

© Sputnik / Konstantin Mihalchevskiy / Гузариш ба медиабонкПодтопления в Ялте после ливней
Подтопления в Ялте после ливней - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Обуна шудан
Боришоти шадиди борон дар Қрим боиси фаромадани сел шуд. Ҳоло дасти кам 50 манзили истиқоматӣ зери об монданд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар деҳаи Соколинои ноҳияи Бахчисарайи Қрим бар асари боришоти шадиди борон сел фаромад, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло ҳудуди 50 манзили истиқоматӣ зери об мондаанд.
Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса 16 нафар наҷотбахшон бо се техника фаъолият мебаранд.
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
ИА ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 100 ҳазор евро кумак мекунад
Гуфта мешавад, 4 ва 5 июл дар Қрим ҳавои номусоид пешгӯи карда шуд. Дар минтақаҳои ғарб, ҷануб, шарқ ва марказӣ боришоти шадид шурӯъ шуда, то 50 мм боришот дар назар аст ва фаромадани сел пешгӯи карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 июн як тӯфони қавӣ Қримро фаро гирифт ва обхезии шадид дар Керч сар зад. Он замон мақомот ҳолати фавқулода ҷорӣ намуданд.
Зимнан, дар рӯзи баъдӣ боронҳои шадид болои Ялта бориду дарёҳо аз соҳил лабрез шуда, кӯчаву хонаҳоро зер карданд. Офати табиӣ ба минтақаҳои Феодосия, Ленин ва Кировскийи Қрим низ таъсир расонд.
Лентаи хабарҳо
0