Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Маргбортарин ҳафта аз ҳисоби коронавирус дар Русия

© Sputnik / Павел БедняковЛечение коронавируса в России
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Дар давоми 7 рӯзи ахир маргу мир аз коронавирус дар Русия ба 4 643 нафар расидааст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Теъдоди маргу мир аз вируси COVID - 19 дар Русия дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Ситоди фаврӣ оиди мубориза бо коронавирус мегӯяд, ҳафт рӯзи ахир аз ҳисоби фавти беморон маргбортарин шуд, чун давоми як ҳафта маргу мир ба 4 643 нафар афзуд. Дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта фавт аз ҳисоби коронавирус дар русия ба 3 921 нафар баробар буд.
Зимнан, дар шаҳри Маскав давоми ҳамин муддат маргу мир ба 809 нафар расид, ки барои як ҳафтаи ин адад бесобиқа аст.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта аз 29 июн то 5 июл дар Русия ҳамагӣ 1 088 фавт ба қайд гирифта шуд, ки аз ин миён 215 ҳолат ба шаҳри Маскав рост омада буд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Кай ҷаҳон сиҳат мешавад? посухи Алтштейн ба суолҳои баҳсбарангез оиди ваксинзанӣ
Ба ҳамин минвол, беморӣ дар Русия рӯ ба афзоиш дорад. Аз 28 июн то 4 июл дар ин кишвар 159 650 нафар ба вируси COVID - 19 мубтало гардиданд.
Ҳамзамон, дар Маскав, ки ҳамчун маркази таваҷҷӯҳи эпидемия боқӣ мондааст, шумораи бемориҳои тайи як ҳафта тасдиқшуда бори аввал аз моҳи май коҳиш ёфтааст.
Теъдоди афроде, ки дар кишвар сиҳат шудаанд, 112 187 нафар афзоиш ёфтааст, ки ин нисбат ба як ҳафтаи қабл 29,3% бештар аст.
Бо вуҷуди ин, шумораи ба ном ҳолатҳои фаъол, яъне беморон, ки ҳоло табобат мегиранд, ҳам дар Маскав ва ҳам дар Русия меафзояд. Дар пойтахт ҳоло 182,340 нафар, ва қаламрави Русия 404,115 нафар табобат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала