Пирӯзии тими Юнон дар Ҷоми Аврупо: рӯзи 4 июл дар таърих

© Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 4 июля
День 4 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи чоруми июл дар Украина аз Рӯзи коршиносони суд таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар Амрико Рӯзи Истиқлолият ҷашн мегиранд

Рӯзи 4 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1631 дар Порис аввалин маротиба Агентии шуғл- идораи суроғавӣ таъсис дода шуд.
Соли 1997 дар Марс дастгоҳи "Pathfinder"-и Амрико фуруд омад.
Соли 2004 Юнон аввалин маротиба Чемпиони Аврупо оид ба футбол шуд.
Соли 1959 Ямайка ҳуқуқи худидоракунӣ ба даст овард.
День 1 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Зодрӯзи Нусратулло Махсум: рӯзи 1 июл дар таърих
Соли 1876 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон намоиши маҳсулоти электрикӣ баргузор гардид.
Соли 1958 дар киштии атомии зериобии К-3 "Комсомоли ленинӣ" аввалин бор реактори ҳаставӣ сар дода шуд.

Рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.
День 30 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Зодрӯзи Майк Тайсон ва Раҷабалӣ Ҷалилов: 30 июн дар таърих
Соли 2008 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшонро баррасӣ намуданд.
Соли 2013 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи мамлакат оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом доданд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии "Маркази хизматрасонии Обшорон" таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июл

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи Истиқлолият.
Дар Украина – Рӯзи коршиносони суд.
Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

Рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1932 – нависанда Ҳайрат Шанбезода.
Соли 1940 – нависанда, журналист, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Бахтиёр Муртазоев.
Лентаи хабарҳо
0