Ваксингирии муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна сурат мегирад - навор

Обуна шудан
Арзиши ваксин барои муҳоҷирон 1300 рубл нарх дорад, вале аксар вақт ин хароҷот на аз кисаи муҳоҷирон, балки корфармоён супорида мешавад
Дар Русия маъракаи сартосарии ваксингирӣ миёни муҳоҷирон пиёда гардидааст.
Хориҷиҳое, ки ҳавасманди кор дар ин ё он соҳа мебошанд, бояд ҳатман ваксин гиранд.
Ҳоло дар шаҳри Маскав ду нуқтаи эмгузаронӣ барои муҳоҷирон фаъоланд, ки яке дар бозори "Садовод" ва дигаре дар Маркази ягонаи муҳоҷират сомон дода шудааст.
Муҳоҷирон дар утоқҳои махсус бо ваксини истеҳсоли Русия - "Спутник - Лайт" алайҳи бемории коронавирус эм карда мешаванд.
Кай ҷаҳон сиҳат мешавад? посухи Алтштейн ба суолҳои баҳсбарангез оиди ваксинзанӣ
Гуфта мешавад, арзиши ваксин барои муҳоҷирони меҳнатӣ 1300 рублро ташкил медиҳад. Вале дар аксар маврид, ин хароҷот на аз ҳисоби муҳоҷирон, балки корфармоёни онҳо супорида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло вазъи коронавирус дар Русия ниҳоят ваҳим аст. Омори ҳолатҳои нави сироятшавӣ ва ҳамзамон маргу мир аз як соли гузашта ҳам бештар сабт мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0