Афғонистон гуфтугӯҳои таслиҳотӣ бо Русияро инкор мекунад

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Мушовири амнияти маиллии Афғонистон таъкид дорад, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон фурсат барои тассвури як давлати ҷадид барои ҳама нерӯҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон, иттилооти марбут ба музокирот бо Русия дар мавриди таҳияи силоҳ ба ин кишварро такзиб кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Машвараҳои мо рӯи наздик сохтани мавозеъи мо ва дарки муштарак аз таҳдидоти Афғонистон ва тамоми минтақа аст", - гуфт ӯ.
Оқои Муҳиб таъкид дошт, ки сӯҳбат рӯи табодули иттилоот ва иштирокгузори тавоноиҳои фанӣ аст: "Аммо лозим нест навъи ҳимоятӣ бошад, ки ҳама дар бораи он фикр мекунанд."
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
КДАМ: суқути 6 вулусволии Бадахшон ва фирори беш аз ҳазор сарбози афғон ба Тоҷикистон
Мушовири амнияти миллӣ гуфт, ки Афғонистон қасд надорад то касе дар ин вазъият мудохила кунад.
Бояд гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон аз 1 май оғоз ёфта буд. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден эълом дошта буд, ки артиши ИМА то 11 сентябр бояд пурра қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала