Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Баъди 18 рӯз 60 – сола мешуд: даргузашти Абдурасул, ошпази маъруфи хистеварзӣ аз COVID-19

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Абдурасул Очилов, аз ошпазҳои маъруфи хистеварзӣ дар синни 59-солагӣ бар асари сирояти бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Яке аз наздикони хонаводаи марҳум дар таъйиди ин хабар гуфт, Очилов даҳ рӯз ба ин тараф дар Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд, маъруф ба “инфексионий” аз бемории “вируси корона” табобат мегирифт, вале зуҳри дирӯз 4 июл аз дунё даргузашт.
“Бегоҳии дирӯз дар қабристони зодгоҳаш воқеъ дар деҳаи Хистеварз бурда ба хок супоридем, имрӯз маросими фотиҳахонӣ дар ҳавлиаш воқеъ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳри Бӯстон баргузор гардид”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Бемористони маризиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрели соли 2020 ба ин тараф ба реҷаи қарантинӣ гузашта, дар он умдатан гирифторони бемории ҳамагири коронавирус табобат карда мешаванд.
Абдурасул Очилов аз ошпазҳои моҳири хистеварзӣ гуфта мешуд, ки дар тӯю маъракаҳои сокинон дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров хизмат мерасонид.
Убйдулло Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Убайдулло Раҷабов даргузашт
Ӯ чанд вақти охир дар шаҳри Бӯстон иқомат мекард. Тавре ҳамсояҳои марҳум таъкид мекунанд, Очилов бо он, ки дар маъракаҳои мардум зиёд хизмат мерасонид, вале ҳаргиз аз заҳматаш миннат намекард.
“Ҳамеша ҳурмату эҳтиромаш дар пеш буд. Барои баргузории тую сури мардум бо назари нек менигарист. Кӯшиш мекард, ки соҳибони маърака аз кору заҳмати ӯ хушбин бошанд”, - иброз намуд яке аз ҳамсояҳо.
Абдрасул Очилов 22 июли соли 1962 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. 18 рӯз пас, ӯ 60 – сола мешуд, аммо умр барояш вафо накарду дар 59-солагӣ ба Ҳақ пайваст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала