Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Даргузашти генерал Саидамир, собиқ раиси Бохтар бо аломатҳои коронавирус

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Генерал Саидамир Розиқзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон дар соли 64-уми умраш дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Маросими ҷанозаи Саидамир Розиқзода 5-уми июл дар деҳаи Сомонии ноҳияи Кӯшониён - Бохтари собиқ баргузор мешавад, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон. Наздикони Саидамир Розиқзода, сабаби даргузаштро гирифторӣ ба коронавирус арзёбӣ кардаанд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, генерал-майор Розиқзода Саидамир Холиқ 1 октябри соли 1957 таваллуд шудааст.
Ӯ аз соли 1978 то 1993 ба ҳайси корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, аз 1993 то 1995 раиси ноҳияи Бохтар ҳоло Кӯшониён фаъолият доштааст.
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорат марги як нафарро таъйид кард: омори коронавирус дар Тоҷикистон
Дар ҳолнома омадааст, ки Розиқзода аз солҳои 1996 то 1998 роҳбарии Дасгоҳи раиси вилояти Хатлонро ба уҳда доштааст.
Сипас соли 1999 ба кор дар Вазорати мудофиа гузашта, то соли 2016 дар ин ниҳод кор кардааст. Дар Вазорати мудофиа, Розиқзода дар мақомҳои гуногун аз муовини сардори Раёсат то муовини вазир фаъолият дошта, солҳои охир ба нафақа баромада, дар ҳалқаи наздиконаш рӯз мегузаронд.
Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои Розиқзодаро ба назар гирифта, ӯро бо медалҳои ҷашнию ифтихорӣ қадрдонӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала