Дастури Раҳмон барои интиқоли 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМаросими гулчанбаргузории генералҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ назди "Оташи ҷовидон" дар Душанбе
Маросими гулчанбаргузории генералҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ назди Оташи ҷовидон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ вазъ дар марз бо Афғонистонро баррасӣ карда, барои сафарбарсозии нерӯҳои иловагӣ дастур дод
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастуроти раисиҷумҳур дар мавриди марз бо Афғонистон дар пайи шунидани гузориши фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш додаст, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.

"Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад", - омадааст дар иттилоия.

Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона гардад.
Неформальная встреча Рахмона и Токаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Раҳмону Тоқаев хатарҳо аз Афғонистонро баррасӣ карданд
Ҷаласаи Шӯрои амниятӣ дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир созмони террористии мамнӯи Толибон* дар шимоли Афғонистон навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ дароварда, бисёри низомиёни афғонро водор ба фирор ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ кардааст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала