Ба ҳоҷатхона баромаду барнагашт: духтарчаи 8-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ мурда ёфтанд

© PixabayДевочка у окна, архивное фото
Девочка у окна, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Духтаракеро, ки аз дирӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷустуҷӯ мекарданд, мурда пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҷасади Руфейда Иноятова, духтараки 8-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ каме дуртар аз манзили зисташон пайдо карданд.
Дар бораи нопадид шудани як духтарак дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ як рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон нашр шуд. Аммо, имрӯз, мутаассифона, пайвандони Руфейда Иноятова хабар доданд, ки духтаракро мурда пайдо карданд.
"Тафсилоти ҳодисаро феълан нашр намекунем ва ҳатто намедонем. Ҳаминашро мегӯем, ки ҷасад каме дуртар аз манзили додарам пайдо шуд",- навиштааст аммаи духтарак Саида Иноятова.
Ба гуфтаи вай, дирӯз Руфейда ба ҳоҷатхонае, ки дар куча, назди манзилашон будааст, баромадаву барнагштааст.
Ба иттилои хешовандони Руфейда Иноятова, мақомоти милиса ҳодисаро тафтиш мекунанд. Аммо бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, духтарак ба ҳоҷатхона афтида, нафасгир шудааст.
Феълан Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон расман дар ин бора иттилое надодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала