Коргардон Владимир Меншов аз коронавирус даргузашт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксАктер и режиссер Владимир Меньшов
Актер и режиссер Владимир Меньшов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Владимир Меншов коргардони машҳур ва ҳунарманди номдори кино аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Ҳунарманди шӯравӣ ва номдори замони шӯравӣ имрӯз дар синни 82 - солагӣ даргузашт, менависад Мосфилм.
Ба маълумоти мавҷуда, Меншова аз маризии коронавирус фавтид.
Марҳум ҳанӯз 26 июн мубталои коронавирус шуд, вале қайд гардид, ки бемории ӯ сабук ҷараён дорад.
Медсестра у пациента в отделении интенсивной терапии в больнице в Афинах, Греция  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишк нишонаи даҳшатовари штамми ҳиндии вируси коронаро гуфт
Феълан замони маросими видоъ бо ин ҳунарманди номдор маълум нест.

Владимир Меншов кӣ буд

Владимир Валентинович Меншов 17 сентябри соли 1939 шаҳри Бокуи Озарбойҷон таваллуд шудааст. Падари ӯ як марди низомӣ буд.
Волидони ӯ дар вилояти Астрахан таваллуд шудаанд ва овони кӯдакии ин ҳунарманди номӣ дар он ҷо сипарӣ шуда буд.
Дар соли 1961, ӯ донишҷӯи бахши актёрии Академияи рассомии Маскав ба номи В.Немирович-Данченко шуд ва аллакай соли 1970 аспирантураро ба итмом расонд.
Маъруфтарин филми Меншов - "Маскав ба ашк бовар намекунад" - соли 1981 дар бахши "Беҳтарин филми хориҷӣ" соҳиби Оскар шуд.
Марҳум унвони Ҳунарманди халқии РСФСР-ро соли 1989 ба даст оварда, лауреати Мукофоти давлатии СССР, Мукофоти давлатии РСФСР ба номи Н.К.Крупская, узви Иттифоқи кинематографистони Русия буд.
Аз соли 2010 Владимир Меншов раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия буд. Вай бо Вера Алентова издивоҷ карда, соҳиби духтар - Юлия Меншова шуданд, ки феълан ӯ-ҳунарпешаи маъруф ва ровии телевизион аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала