Мақомдори БДА боздошт шуд: аз корафтода пул талаб кард

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Нисбати ин мақомдори БДА ва як бозраси дигар барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, боздоштшуда Муродализода М.М. муовини сардори Шӯъбаи бақайдгирии имтиҳоноти Раёсати БДА Вазори умури дохилаи Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "В" аз як корафтода 3800 сомонӣ талаб намудааст.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
10 000 сомонӣ пора - барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ
Манбаъ меафзояд, муовини сардори шӯъбаи мазкур хост тавассути як бозрас бо номи Юнусов У.Ҳ маблағи дархостиро ба даст орад, аммо аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод боздошт гардид.
Феълан, нисбати боздоштшуда бо моддаи 319 қисми 1 ва нисбати бозрас бо моддаҳои 36 қисми 5 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, парвандаи ҳар ду боздоштшуда ба суд ирсол мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала