Мақомоти Русия: ваксинаҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ омодааст

Русия тасмим дорад донишҷӯёни хориҷиро бар зидди коронавирус ваксиназанӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия гуфт, ки бастаи якуми ваксина бар зидди коронавирус барои тамоми донишҷӯни Русия омода аст.
Дар ин бора роҳбари вазорати тандурустӣ зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Урал таъкид доштааст.
Ба гуфтаи Мурашко, ваксинаро на танҳо донишҷӯён дигар кишварҳо, балки хориҷиён низ метавонанд гиранд.
Ба донишҷӯён тавсия дода мешавад, ки то нимаи моҳи июл бар зидди коронавирус ваксиназанӣ шаванд ва ин раванд комилан ихтиёрӣ мебошанд.
Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Эълони нархи ваксина барои муҳоҷирони меҳнатӣ
Бояд қайд кард, ки қаблан муовини раиси Россотрудничество Павел Шевтсов гуфта буд, ки донишгоҳҳои Русия ба нақша гирифтаанд, ки донишҷӯёни хориҷиро ваксиназанӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз охири моҳи июн дар Маскав ваксиназании муҳоҷирон бар зидди коронавируси бо ваксинаи "Sputnik Light" оғоз ёфт.
Акнун, кормандони хориҷӣ ва муҳоҷироне, ки дар соҳаҳои хизматрасонӣ дар пойтахти Русия кор мекунанд, метавонанд дар ду нуқта пулакӣ ваксина гиранд: муҳоҷирон метавонанд дар Маркази ягонаи муҳоҷиратии Сахарово, инчунин дар бозори Садовод аз соати 08:00 то соати 20:00 ваксина гиранд.
Медработник вводит вакцину от коронавируса Спутник V в прививочном пункте по вакцинации от COVID-19 в городской поликлинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коршиносон гуфтанд, ки пас аз ваксина алайҳи коронавирус чӣ кор кардан мумкин нест
Ин раванд пас аз он имконпазир шуд, ки дар охири моҳи июн Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ҳукумат дастур дод, барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия ваксиназании пулакиро таъмин намоянд.
Арзиши ваксинаи "Sputnik Light" барои хориҷиён 1300 рублро ташкил медиҳад ва корфармо қимати онро бодя аз ҳисоби худ пардохт намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала