Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Мақомоти Афғонистон: ҷобаҷоии нерӯҳо ба маънии суқути шаҳристонҳо нест

© Sputnik / JAKПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон изҳор дошт, ҷобаҷоии муваққатии нерӯҳои амниятӣ аз маконе ба маҳалли дигар ба маънии суқути шаҳристонҳо нест
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ториқ Орин, Сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон ахиран гуфт, иддаои Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) мабнӣ бар суқӯти шаҳристонҳо нодурустаст ва ҷобаҷоии нерӯҳои амниятӣ дар теъдоде аз марокизи шаҳристонҳо ба дигар манотиқ ба маънеи суқӯт нест, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Ториқ Орин афзуд, ки Толибон тавонои ҳифзи ҳеч як аз шаҳристонҳоро надорад ва ҳузури ин гурӯҳ дар манотиқе, ки пешравӣ кардааст, муваққат аст ва қатъан доимӣ нест.
Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: бақои Афғонистон дар хатар аст
Бояд қайд кард, ки ҳамзамон бо оғози раванди хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, ҳамалоти Толибон ба таври бесобиқае афзоиш ёфта ва дар пайи он суқӯти шаҳристонҳо маъмулан бидуни даргирӣ ва бо миёнҷигарии бузургони қавмӣ ва таслим шудани нерӯҳои амниятӣ ва ё ақибнишинии онҳо аз мавозеъи худ сӯрат гирифтааст.
Дар ҳоле, ки мақомоти давлати Афғонистон вогузории ин шаҳристонҳо ба Толибонро “ақибнишинии тактикӣ” мехонанд, бар асоси тозатарин омори “Languedoc Journal” дар бораи вазъияти амниятии Афғонистон, дар ҳоли ҳозир 176 шаҳристони Афғонистон (44 дарсад хоки ин кишвар) дар кантроли Толибон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала