Даргузашти мансабдорон: Президент ба ҷои фавтидаҳо кадрҳои навро таъйин кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷои мақомдороне, ки номашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар феҳрасти қурбониёни коронавирус зикр шудаанд, кадрҳои навро таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт бо сабаби вафоташ аз вазифаи директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод гардид. Саидвализода бар асоси иттилои нашршуда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз қурбониёни мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон мебошад, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шералӣ  Гул ва Ашраф Гул,ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳ дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Мақоми нави домоди раисиҷумҳур ва писари Шералӣ Гул
Бо амри дигари раисиҷумҳур Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин гардид. То ҳол Саъдуллозода Сӯҳроб дар мақоми сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ кор мекард. .
Инчунин ба ҷои Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ки дар синни 57 – солагӣ пас аз хуруҷи дигарбораи маризии вируси корона даргузашт, Давлат Сафарзода таъйин шудааст, ки то ҳол роҳбарии нашриёти “Адиб” – ро ба уҳда дошт.
Инчунин бо фармони раисиҷумҳур, ваколати судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Зарифзода Абдулхайр Зардак бинобар вафоташ қатъ гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала