Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Маскав озмоиши клиникии "Спутник V" барои наврасон оғоз ёфт

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинский работник держит в руке вакцину от COVID-19 "Спутник-V"
Медицинский работник держит в руке вакцину от COVID-19 Спутник-V  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Марҳилаҳои якум ва дуюми санҷиш дар заминаи Беморхонаи бачагонаи Морозов ва Беморхонаи бачагонаи ба номи З.Башляева мегузаран.
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Маркази ба номи Н.Ф. Гамалей ба озмоиши клиникии "Спутник V" барои наврасони аз 12 то 17 - сола шурӯъ кард, менависад РИА Новости бо истинод ба муовизи раиси шаҳри Маскав Анастасия Ракова.
Марҳилаҳои якум ва дуюми санҷиш дар заминаи беморхонаи бачагонаи Морозов ва беморхонаи бачагонаи ба номи З.Башляева мегузаранд.
"Барои ин мо аллакай 100 наврасро ҷамъ овардем ва имрӯз санҷиши нахустини ихтиёриён оғоз ёфт", - изҳор доштааст муовини раиси шаҳри Маскав.
Иммунизатсия бо "Спутник V" гузаронида мешавад, ки онро аллакай барои одамони аз 18-сола боло, вале бо миқдори камтар истифода мебаранд. Санҷиш то сол идома хоҳад кард ва давоми ин муддат наврасон пайваста зери назорати табибон қарор мегиранд.
Пас аз ворид намудани вояи якум ва дуюм наврасон муддати се рӯз дар утоқи махсуси ҷудошуда дар бемористон бистарӣ мешаванд ва он ҷо дубора аз ташхис мегузаранд ва табибон вазъи беҳдоштии онҳоро назорат мекунанд. Пас аз ин, наврасон бояд чанд маротибаи дигар барои супоридани ташхис ба бемористон оянд", - илова намуд Ракова.
Ҳамчунин, наврасон бояд рӯзнома худидоракунӣ дари замимаи махсуси мобилӣ ташкил диҳанд ва табибон вазъи онҳоро тавассути телефон назаорат мекунанд.
Дар ин санҷиш наврасоне иштирок мекунанд. ки қаблан мубталои коронавирус нагардидаанд ва ҳамчунин ягон маҳдудият барои истифодаи маҳсулоти доруворӣ надошта бошанд.
Российский рубль. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Роспотребнадзор гуфт, коронавирус ба иқтисоди Русия чӣ қадар зиён овард
Ваксинзане дар ҳоле ғайриимкон аст, агар наврас ду ҳафта қабл гирифтори зуком гардида бошад ва ё камтар аз 30 рӯз бо доруи дигар ваксин гирифта бошад.
Марҳилаи саввум аллакай дар дармонгоҳи кӯдакона бо иштироки 250 нафар баргузор мегардад ва қабули хоҳишмандон охири тобистон сурат хоҳад гирифт.
Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот, қарор қабул карда мешавад, ки наврасон ба барномаи ваксинзанӣ алайҳи COVID-19 дохил мешаванд ё хайр.
Коргардон Владимир Меншов аз коронавирус даргузашт
Моҳи августи соли 2020 Вазорати тандурустии Русия "Спутник V", аввалин ваксина дар ҷаҳон барои пешгирии сирояти коронавирусро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимия ва технологияи Гамалея таҳия кардааст.
"Спутник V" дар платформаи санҷидашуда ва хуб омӯхташудаи векторҳои аденовиралии инсон сохта шудааст. Самаранокии он дар асоси таҳлилҳо, 97,6% гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала