“Сибир” парвозҳо аз Душанбе ба Владивостокро қатъ кард

© Sputnik / Vitaliy AnkovСамолет Ту-154
Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Ширкати ҳавопаймоии “Сибир” бо гузашти ду моҳ аз шурӯъи кор, парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе – Владивостокро қатъ намудааст
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Аз намояндагии ширкати “Сибир” дар Тоҷикистон сабаби қатъ шудани парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Владивосток ё Шарқи Дурро шарҳ доданд.
Як масъули ширкати “Сибир” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қиммати чиптае, ки аз сӯи Агентии авиатсияи гражданӣ муқарар шуда назар ба масофаи парвоз мувофиқат накард, балки зиёд хароҷотбор гардид, аз ҳамин хотир ширкат ба ин хулоса расид, ки парвозҳо дар ин масирро қатъ кунад.
“Вақти парвоз миёни Душанбе – Владивосток 7, 5 соат буда, вақти тайкарда миёни Душанбе - Екатеринбург ҳамагӣ 2, 5 соат. Чигуна ин ду хатсайре, ки масофаи роҳ зиёд аст, нархи билет якхела бошад? ”, - гуфт манбаъ.
Бар иловаи ин, нархи хизматрасонии фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон дар замони падемияи COVID-19 то 40% баланд бардошта шуда, дар умум барои хизматрасонии як ҳавопаймо мусофирони чартерӣ ба 18 ҳазор доллар баробар шудааст, афзуд вай.
Ширкати “Сибир” шурӯъ аз рӯзи 30 апрел парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Владивосток, ки дуртарин масири парвоз гуфта мешавад, ба роҳ монда буд.
Он замон масъулони ширкат гуфта буданд, ки парвоз дар ин хатсайр 7, 5 соат анҷом дода мешавад ва аз ҳамин лиҳоз қиммати чипта ба фарқ аз дигар хатсайрҳо 9, 5 ҳазор сомонӣ аст.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Арзонаш 4125 сомонӣ: раиси Агентӣ нархи чиптаи парвоз ба Маскавро гуфт
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ахиран чанд парвози ҳавопаймоиро, ки аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб ба расонидани мусофирон ба шаҳрҳои Русия машғуланд боз дошт ва аз масъулони ширкатҳо даъват намуд, ки қиммати чиптаро ба 500 доллар ё 5700 сомонӣ поён баранд.
Ин даъвати Агентӣ ба хотири мусоидат ба шароити иқтисодии муҳоҷирони тоҷик гуфта мешавад.
Аммо масъулони ширкатҳои ҳавонавардӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки агар масъулони Ситоди мубориза бо COVID -19 ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон барои кашонидани мусофирон дар ду самт иҷоза диҳанд, қиммати билет то 40% ё 300 доллар муодили 3420 сомонӣ поён хоҳад шуд.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо зикри ин нукта таъкид меварзанд, ки зимнан қимати сафар аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ба Тошканди Ӯзбекистон бинобар ду самта сурат гирифтани парвози мусофирон дар муқоиса бо шаҳрҳои Тоҷикистон хеле арзон аст.
Фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо тайёраҳои калонҳаҷм чӣ мушкил доранд?
Дар ҳоли ҳозир парвозҳои чартерӣ дар Тоҷикистон як тарафа сурат мегирад.
Ширкатҳои ҳавонавардии “Сибир”, “Уралские авиалинии” “Ют Эйр” ва “Севарний ветер” аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба ҷониби Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, танҳо ширкати “Сомон эйр” шаҳрвандони кишварро аз Русия ба Тоҷикистон мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала