Сӯҳбати Раҳмону Путин аз кӯмаки моддиву техникӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Авзоъ дар марз сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Русияро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Влалдимир Путин дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар бораи кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сӯҳбат карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар сӯҳбати телефоние, ки имрӯз сарони кишварҳо анҷом доданд, мавзӯи марз ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон калидӣ буд.
"Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд", - менависад котиботи президент.
Маросими гулчанбаргузории генералҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ назди Оташи ҷовидон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Дастури Раҳмон барои интиқоли 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон
Манбаъ меафзояд, дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Русия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.
Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала