КДАМ: суқути 6 вулусволии Бадахшон ва фирори беш аз ҳазор сарбози афғон ба Тоҷикистон

© AP / Burt HermanНа таджикский-афганской границе, архивное фото
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки шаби гузашта дар пайи суқути 6 вулусволии Бадахшони Афғонистон беш аз ҳазор низомии он кишвар барои наҷоти ҷони худ ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки шаби 4 ба 5-уми июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати “Толибон” вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд, пурра таҳти назорати худ қарор доданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо “Толибон”, 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии “Шоҳон”-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Афганские мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Аввалин фирориҳо ба Бадахшони Тоҷикистон пас аз фатҳи Нусай аз сӯи Толибон*
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон қайд намудааст, ки бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии Афғонистон, ба низомиёни ин кишвар иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон дода шуд.
Манбаъ зикр кадааст, ки айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала