Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии зидди фасод: Раҳмон ба кӣ вазифа доду киро сабукдӯш кард

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон кадрҳои Оҷонсии зидди фасодро ҷо ба ҷо кард
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Оҷонсии зидди фасод тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикстон, бо чанд фармони Эмомалӣ Раҳмон, муовинони директори Оҷонсии зидди фасод аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъйин карда шуданд.
Аз ҷумла, бо фармони роҳбари давлат, Аҳмадзода Музаффар муовини якуми директори Оҷонсии мазкур аз вазифа барканор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шералӣ  Гул ва Ашраф Гул,ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳ дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Мақоми нави домоди раисиҷумҳур ва писари Шералӣ Гул
Дар фармоне, ки котиботи президент онро нашр намудааст, Аҳмадзода курсии муовини якуми директори оҷонсиро холӣ намуда, муовини директори Оҷонсии зидди фасод таъйин гардид.
Ҳамзамон, бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, Сафарзода Суҳроб низ аз вазифаи муовини директори оҷонсӣ озод карда шуд. Ӯ ба курсие такя зад, ки Аҳмадзода онро тарк кард.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Саидшозода Ҷамшед Сафаралиро низ аз вазифаи муовини директор озод кард. Сабаби барканории Саидшозода гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Талбакзода Сулаймон Талбак муовини директори Оҷонсии зидди фасод таъйин карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0