Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Афзоиши рекордии беморони коронавирус дар Тоҷикистон: омори вазорат

© Sputnik / Амир ИсаевЖенщина в защитной маске на улице
Женщина в защитной маске на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Имрӯз дар Тоҷикистон 32 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуд, ки дар мавҷи дувум бесобиқа аст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон афзоиши рекордии беморони коронавирус ба қайд гирифта шудааст: 32 нафар.
Тавре манбаъ менависад, давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Торговля на барахолке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Ваксин гиред, ниқоб пӯшед: дар Душанбе роҳҳои эминӣ аз коронавирусро мефаҳмонанд
Ҳамчунин 28 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 июл дар кишвар 13655 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13410 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 95 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ёдрас мешавем, дирӯз дар Тоҷикистон 26 бемори нави коронавирус ошкор шуда, 2 тан дар пайи беморӣ фавтида буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала