БМТ: дар бозори арзи Тоҷикистон доллару евро боз қимат шуду рубли русӣ арзон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкКурс валют
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули амрикоӣ доллар пас аз поинравӣ боз тамоюли болоравиро нишон додааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 евро дар кишвар имрӯз 13.4369 сомонӣ муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ, ки дар рӯзҳои ахир тамоюли беқурбшавӣ дошт, аммо имрӯз қурби асъори аврупоӣ андаке боло рафтааст. Барои мисол дирӯз қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас поин рафта буд. Дар Тоҷикистон дирӯз як евро 13.4052 сомонӣ арзиш дошт. Аммо санаи 2 июли соли равон арзиши 1 евро дар Тоҷикистон 13,4336 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ тайи чанд ҳафтаи ахир устувориро нишон дода буд, аммо имрӯз дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1540 сомонӣ арзиш дорад. Дирӯз дар бозор барои 1 рубли русӣ 0,1547 сомонӣ медоданд. Ин асъори хориҷӣ дар бозори арз тамоюли беқурбшавӣ нишон додаааст.
Купюры долларов в унитаз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Қурби доллар, ки ахиран андаке поин рафта буд, боз каме боло рафт. Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3220 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3220 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.4369 то 13. 6000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1540 то 0.1565 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0