Эпидемиолог, хатмкардаи донишгоҳи Украина: ноиби нави вазири тандурустии Тоҷикистон кист?

© Министерство здравоохранения РТАмирзода Абдухолик Амир назначен заместителем Министра здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан
Амирзода Абдухолик Амир назначен заместителем Министра здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Амирзода Абдухолиқ Амир муовини нави вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Матлубахон Сатториён, ноиби сарвазири Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ноиби навтаъйини вазир, Амирзода Абдухолиқ Амирро муаррифӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, Сатториён барои Амирзода Абдухолиқ Амир, ки дар замони хуруҷи дубораи коронавирус дар ҷумҳурӣ ба мақоми муовини вазир таъйин шудааст, барори кор хост.
Манбаъ афзуд, ки Амирзода Абдухолиқ Амир 27 ноябри соли 1963 таваллуд шуда, маълумоташ олӣ, ихтисосаш духтури санитарӣ, эпидемиолог мебошад.
Амирзода солҳои 1982-1988 Донишгоҳи олии тиббии шаҳри Харкови кишвари Украинаро хатм намуда, солҳои 1988-1999 дар вазифаи муовини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон кор кардааст.
Пресс конференция по поводу вакцинации в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
"Коронавирус омад, муовини нав маълум шуд": Раҳмон ҷойгузини Ализодаро таъин кард
Давоми солҳои 1999-2004 ба ҳайси муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст. Аз соли 2004 то соли 2014 директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будаст.
"Солҳои 2014 - 2017 дар вазифаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Аз 17 январи соли 2017 то 4 июли соли 2021 ба ҳайси директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе кор кардааст", - омадааст дар ҳолнома.
Ӯ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 5 июли соли 2021 ба вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0