Ҳушдори Оҷонсии обуҳаво: дамои ҳаво дар Тоҷикистон то 48 дараҷа тафсон мешавад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookСамый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе
Самый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Оҷонси мегӯяд, бинобар тафсон шудани дамои ҳаво дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳамчунин дар ғарби ВМКБ селҳои пиряхӣ мефарояд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон то 48 дараҷа тафсон хоҳад шуд, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносӣ..
Ба иттилои манбаъ, аз 7 то 9 июл ба ҷумҳурӣ аз минтақаҳои ҷанубу ғарб ҳавои хушку гарм ворид мешавад, ки дамои ҳаворо якбора тафсон мегардонад.
Дар ин муддат гармии ҳаво дар минтақаҳои водибуда, то 39+40 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои ҷанубӣ ҳаво аз 45 то 48 дараҷа тафсон мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад 32+37 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дети играют под дождем, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Борон, раъду барқ ва гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон
Манбаъ меафзояд, аз 7 то 10 июл бинобар гармии шадид эҳтимол дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ селҳои пиряхӣ фароянд.
Чунин вазъ дар қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пешгӯӣ мешавад.
Оҷонсӣ аз баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон низ ҳушдор медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала