Коршиноси исроилӣ ҳамлаи Толибонро ба Осиёи Марказӣ пешгӯӣ кард

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Коршиноси Исроил Яков Кедмӣ бар ин бовар аст, ки Толибон* пас аз забти Кобул ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Забти Афғонистон аз ҷониби Толибон вақт мехоҳад, мегӯяд собиқ роҳбари хадамоти махсуси Исроил, коршиноси соҳаи силоҳ ва геополитика, Яков Кедмӣ.
Ба ақидаи ӯ, пас аз суқути Кобул ҷангиён ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла хоҳанд кард, ки ин ба амнияти Русия таҳдид мекунад.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ВУХ: Русия омодааст, амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таъмин кунад
"Мо бояд бо онҳо мубориза барем (Толибон - таҳрир), зеро фардо Толибон тамоми Афғонистонро ба даст мегиранд - ин танҳо вақт мехоҳад. Пас онҳо роҳ самти шимолро пеш мегиранд. Кӣ онҳоро бозмедорад? Артиши Ӯзбекистон ? Оё артиши Тоҷикистон метавонад бо онҳо муқовимат кунад?" - суол гузошт коршиноси исроилӣ зимни мизи мудаввар оид ба хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон.
Яков Кедмӣ аз Русия даъват кард, ки ба изҳорот дар бораи он, ки Толибон ба кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон ҳамла карданӣ нестанд, эътимод накунад.

"Онҳо метавонанд ба як каме хомӯшии муваққатӣ бираванд, аммо ҳеҷ гоҳ ба сулҳ намерасанд. Онҳо тамоми минтақаҳое, ки мусалмоннишин ҳастанд ва бештар сокинони шиамазҳабро доранд, ҳамла мекунанд", - илова намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки ҳамалоти Толибон дар Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ қавитар шуд.
Ҳоло давоми чанд ҳафта задухӯрди шадид миёни ҷангиёни Толибон ва неруҳои Афғонистон идома дорад, ки дар ин набар Толибон фаъолтар буда, аз 28 ноҳияи музофоти Бадахшон аллакай 18 ноҳияро забт намуданд.
Дар умум бошад, сар аз моҳи май ҳудуди 150 ноҳияи Афғонистон ба тобеияти Толибон гузашт.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала