Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Барои кадом гурӯҳи одамон ваксинзанӣ хатар дорад? посухи Вазорати тандурустии Русия

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод"
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Русия муайян кард, ки барои кадом гурӯҳи одамон ваксинзанӣ хатар дорад
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Гирифторони сироятҳои шадиди роҳи нафас ё табларза, модарони ширмакон, гирифторони бемориҳои музмин ва нафарони синнашон то 18 - сола бояд ваксина нагиранд, гуфт Оксана Драпкина, сармутахассиси Вазорати тандурустии Русия, роҳбар Маркази машваратии федеролии ваксиназанӣ.

"Барои одамони то 18-сола ашхосе, ки аллергия доранд ваксинзанӣ маслиҳат дода намешавад. Ҳамчунин давраи ширдиҳӣ ва шиддат гирифтани ҳар гуна бемориҳои музмин, ҳамчунин гирифторони сирояти шадиди роҳҳои нафас ё одамоне, ки ҳарорати баданашон баланд аст, набояд эм карда шаванд", - гуфт пизишк дар вебинар дар барномаи Соловев Live дар YouTube ".

Мутахассис гуфт, ки шахсони гирифтори сироятҳои шадиди респираторӣ аллакай иммунитети суст доранд ва чунин одамон ваксинаро таҳаммул карда наметавонанд ва дараҷаи самаранокии ваксина низ дар бадани онҳо пасттар хоҳад буд.
Вакцинация от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишк гуфт, пас аз чанд рӯзи ваксинагирӣ масуният ташаккул меёбад
Вай инчунин таъкид кард, ки феълан озмоишҳои клиникии ваксина барои кӯдакони то 18-сола идома доранд.
"Тадқиқот давом дорад. Муҳаққиқон ваъда медиҳанд, ки ба зудӣ натиҷаҳоро пешниҳод мекунанд. Маълумот нокофӣ буд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин ғайриимкон аст", - гуфт ӯ.
Мутахассис инчунин қайд кард, ки одамони эмнашуда як обанбори олие барои парвариши вирус мебошанд, ки ба шароити нав ва режимҳои табобатии аллакай таҳияшуда мутобиқ мешаванд.
Ваксинзанӣ алайҳи коронавирус дар тамоми минтақаҳои Русия идома дорад. Дар моҳи августи соли 2020, Вазорати тандурустии Русия аввалин ваксина алайҳи COVID-19 - ро дар ҷаҳон таҳия кард.
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ваксинагирии додрасҳои Тоҷикистон баъди эълони ҳатмӣ будани он
Онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея сохт ва ваксина "Sputnik V" ном гирифт.
Инчунин дар Русия се ваксинаи дигар алайҳи COVID-19 таҳия шудаанд: ин "ЭпиВакКорона" аз маркази "Вектор" -и Роспотребнадзор, "КовиВак" - сохти Маркази Чумакови Академияи илмҳои Русия ва "Спутник Лайт" мебошад.
Лентаи хабарҳо
0