Пирӯзии тими духтарони навраси Тоҷикистон бар дастаи Афғонистон

© ФФТТими духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон
Тими духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон – “U-17” таҳти роҳбарии сармураббӣ Изатулло Исҳоқов аввалин пирӯзиро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, ба даст овард
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар даври дуюми чемпионати CAFA-2021 дастаи духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 5: 2 пирӯз шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати дастаи ҷумҳурӣ хет-трикро Рухшона Файзуллоева анҷом дод. Як голи дигарро Ҷонона Назарова ба самар расонд.
Голи панҷумро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Муниса Гулова аз зарбаи ҷаримавӣ вориди дарвозаи ҳариф кард.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Хоруғ мизбони сабқати даҳҳо тими футбол бо усули “деҳа ба деҳа”
Дар вохӯрии дигари чемпионати CAFA - 2021 дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ду голи Лайло Рустуллоева дастаи Эронро бо ҳисоби 2: 0 шикаст дод. Аз рӯи натиҷаи ду даври бозии чемпионати CAFA-2021, мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки 4-имтиёзӣ доранд, дар ҷадвали мусобиқа пешсафанд.
Дастаи Эрон бо се имтиёз сегонаи беҳтаринро мебандад. Ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи наврасони то 17-сола рӯзи чоршанбеи 7 июл, вақте ки бозиҳои даври ниҳоӣ баргузор мешаванд, муайян карда мешавад.
Дар даври сеюм, соати 18:00 футболбозони Ӯзбекистон ва Афғонистон дар майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе вориди сабқат мешаванду соати 20:45 бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала