Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Зарурати риояи қойидаҳои беҳдоштӣ: пурзур намудани чораҳои зидди коронаӣ дар Конибодом

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксВыборы президента в Таджикистане
Выборы президента в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Дар шаҳри Конибодом бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID–19 дар ҷойҳои серодам - нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, бозор ва кӯчаву маҳаллаҳо бо сокинони шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додаст, гурӯҳи корӣ дар ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинони шаҳри Конибодом зарурати риояи қойидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, дар ҷойҳои серодам нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва наоростани маъракаҳои серодамро шарҳ дода, барои эмин мондани онҳо ва наздиконашон аз бемории COVID–19 тавсияҳои зарурӣ доданд.
Инчунин барои пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID–19) ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Базар Панчшанбе в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Натарсед, коронавирус табобатшаванда аст: ташкили гуруҳҳои пешгирӣ аз COVID -19 дар Хуҷанд
Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
3 июли соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуд.
“Ҳамчунин дар ин шабу рӯзҳо вобаста хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони мамлакат даъват карда мешавад, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тую хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд”, -омадааст дар муроҷиатномаи мазкур.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала