Путин бо Мирзиёев вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксГосударственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан
Государственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Раисиҷумҳурони Русия ва Ӯзбекистон, Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев дар мавриди вазъи мавҷудаи Афғонистон табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. хабар медиҳад котиботи Кремл.
Раисиҷумҳурон вазъияти феълии Афғонистонро баррасӣ карданд.
"Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд ва дар бораи тамосҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд", - гуфта мешавад дар хабари Кремл.
Ёдовар мешавем, қаблан Владимир Путин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суҳбати телефонӣ баргузор кард.
Дар ҷараёни суҳбат раисиҷумҳурон мавзӯи марзро баррасӣ карданд.
"Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд", - навишта буд котиботи Президенти Тоҷикистон.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Путин гуфт, мо омодаи кӯмак ба Тоҷикистонем: суҳбат бо Раҳмон аз ташаннуҷи вазъ дар марз
Манбаъ меафзояд, дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Русия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.
Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала