Сафари ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар ба вилояти Суғд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Ҳайати намояндагони Ӯзбекистон бо роҳбарии Анвар Асамов, муовини вазири кишоварзии ин кишвар вориди вилояти Суғд шуданд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиран дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Анвар Асамов, муовини вазири кишоварзии Ӯзбекистон сурат гирифт
Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва зиёд намудани табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шудааст, ки раиси вилоят зимни мулоқот таъкид кард, ки ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба марҳилаи нави расидааст ва табодули молу маҳсулот миёни ду давлат дар ҳоли афзоиш аст.
АБР выделил $32 млн. для развития технического образования в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Боздиди намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон
Раҷҷаббой Аҳмадзода қайд кардааст, ки имрӯз нааздик 40 нафар масъулини мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
“Ҷонибҳо дар аснои мулоқот ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи саноати сабук, коркарди пахта, коркарди пӯсту чарм, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, истеҳсол ва коркарди пилла, банду басти меваи хушк ва тар, воридсозии тухмиҳои серҳосили пахтаву гандум изҳор доштанд”, - зикр намудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон давоми се рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят ва гармхонаву боғҳои вилоят боздид карда, бо захираву имкониятҳои вилояти Суғд шинос мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0