Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сафир мавқеи роҳбарияти Тоҷикистонро ба мушовири амниятии Афғонистон расонд

© сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ТоҷикистонCаъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон
Cаъдӣ Шарифӣ, сафири  Тоҷикистон дар Афғонистон ва  Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо мушовири амнияти миллии Афғонистон вазъи ин кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Кобул мулоқоти Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амният дар сарҳад ва вазъияти амниятии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокирот аст.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ВУХ: Русия омодааст, амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таъмин кунад
Ин дар ҳолест, ки ҳаракати мамнӯи Толибон* тайи ҳафтаҳои охир бисёре аз навоҳии ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишғол карда, беш аз ҳазор низомии афғонро водор ба фирор ба қаламрави Тоҷикистон намуданд.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амниятӣ хостори пурзӯр кардани ҳифзи марз дар минтақаҳое, ки зарур аст, дастур дод.
Раисиҷумҳур ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ супориш дод, ки ҳудуди 20 ҳазор низомии эҳтиётиро барои таҳкими амният ва ҳифзи сарҳад бо Афғонистон равона созад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала