Шабнами Сурайё миллионер шуд

© Фото : Elegant (I AM Photographer)Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Примадоннаи саҳнаи тоҷик Шабнами Сурайё машҳуртарин блогери Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё рӯзи 5 июл миллионер шуд. Ҳамакнун ҳаёт ва фаъолияти сарояндаро дар Instagram 1 миллион нафар пайгирӣ мекунад.
Дар ин бора худи Шабнам дар сторисаш дар Instagram хабар дода ба мухлисону обуначиёнаш изҳори сипос кард.

"Ман ба ҳамаи шумо изҳори миннатдорӣ мекунам", - навиштааст Шабнам.

Шабнами Сурайёро бо ин дастовардаш овозхонони шинохтаи кишвар табрик кардаанд. Ҳамин тавр, рэпсарои машҳури Тоҷикистон, Исмайл Шабнамро бо ба даст овардани 1 миллион обуначӣ муборакбод гуфта, ӯро саовори чунин боварӣ донистааст.

"Апаҷони ман, Шабнам 1 миллион обуначӣ пайдо кард, як миллиони ҳақиқӣ. Шумо сазоворед", - гуфтааст дар навор Исмоил Исмоилов.

Ҳамчунин ситораи дигари эстрадаи тоҷик Садриддин Наҷмиддин, ки солҳост дар ИМА ба сар мебарад, ҳамкасбашро бо ин дастовард табрик карда, ӯро малика хондааст.
"Муборак бошад дӯстам. Ҳамеша ҳамин гуна муваффақ бош", - навишааст Садриддин Наҷмиддин.
Бояд гуфт, дар оғози фаъолияташ Шабнам бо Садриддин суруди муштарак таҳти унвони "Вафои дилам" эҷод карда буд, ки дар шабакаи Ютуб аз сербинандатарин намоҳанги тоҷикӣ ба шумор меравад. Ин клипро беш аз 15 миллион кас тамошо кардааст.
Ёдрас мешавем, ки Шабнами Сурайё ҳафтае пеш аз ИМА бозгашт. Ӯ дар ин сафар бо овозхони шинохтаи кишвар Ҷонибек Муродов дуэти нав сабт кард ва ба ҳаводоронаш хабар дод, ки ба зудӣ ин суруд нашр мешавад.
Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Долларчошӣ барои рақси Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк: видео


Топ 5 овозхони серобуначии Instagram

Шабнами Сурайё - 1 миллион
Абдурозиқ- 988 ҳазор
Зулайхо Маҳмадшоева - 934 ҳазор
Меҳрнигори Рустам - 794 ҳазор
Фарзонаи Хуршед - 657 ҳазор

Топ 10 Ютуб канали машҳури Тоҷикистон

Авоили ҳамин сол, Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати 10-гонаи фаъолтарин блогерҳои Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ба он каналҳои Орзу Исоев, Беҳрӯз Зеваров ва лоиҳаи "Дугонаҳо" шомил буданд.
Тибқи таҳлилҳо, ин каналҳо дар пойгоҳи Ютуб аз 800 ҳазор обуначӣ, то 430 миллион тамошобин доранд.
Ҳамин тавр, тибқи ин феҳраст ҷои якумро канали Tamoshow мегирад, ки беш аз 867 ҳазор ҳамванд ё обуначӣ дошта, теъдоди умумии тамошои наворҳои ин канал 430 миллионро ташкил медодааст.
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Маоши баҳсбарангези Сурайё Қосимова: Агентии зидди коррупсия ӯро ҷарима баст
Ин канали бузурги мусиқавӣ буда, нашр шудани тарона дар пойгоҳ, маънои маъруфияти овозхонро дорад. Муаллифаш Беҳрӯз Зеваров аст.
Дар ҷои дувум шабакаи "Территория юмора" ҷойгир буд, ки беш аз 66,8 ҳазор ҳамванд ва 9,5 миллион тамошобин дошт.
Певица Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2020
Шабнами Сурайё дар бораи шӯҳрат, худшиносӣ ва инсони воқеӣ будан гуфт
Ҷои севумро лоиҳаи "Дугонаҳо" бо беш аз 19 миллион тамошобин, ҷои чорумро "Imshab Live"-и Мубориз Усмонов, панҷум канали "ORZU"-и Орзу Исоев бо 6 миллион теъдоди умумии тамошобинон гирифтаанд.
Ба панҷгонаи сонӣ, канали мутааллиқ ба Рафаэл Гулов - бо беш аз 3 миллион тамошобин, "Nigmatov Mansurov"- беш аз 19 миллион тамошобин, лоиҳаи "Бонуи пурҳунар"- беш аз 7 миллион тамошобин, канали "IRON KING" - беш аз 2 миллион тоимошобин ва ҷои охиронро лоиҳаи "Ишқ, пул, Душанбе" бо беш аз 4 миллион теъдоди умумии тамошобинҳо гирифтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар Тоҷикистон фаъолияти 29 блогер ошкор шуд ва онҳо муваззаф гардиданд, ки аз даромади худ ба Кумитаи андоз гузориш бидиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала