Суҳроб Сафарзода, ноиби якуми нави раиси Агентии зидди фасод кист?

© котиботи Агентии мубориза бо коррупсияи ТоыикистонСуҳроб Сафарзода, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суҳроб Сафарзода, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Суҳроб Сафарзода, муовини якуми навтаъйини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба ин ниҳод аз Додситонии кул омадааст
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Суҳроб Сафарзода, ки камтар аз се соли охир дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кор мекунад, 5 июл бо фармони раисиҷумҳур ба мақоми ноиби аввали роҳбари ин ниҳод таъйин шуд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Сафарзода, 6 майи соли 1982 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ва соли 2008 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Манбаъ афзуд, Сафарзода фаъолияти меҳнатияшро аз апрели соли 2004 – аз мақоми ёрдамчии ҷамъиятии Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон оғоз карда, аз апрели соли 2007 - мутахассиси пешбари Сарпрокуратураи ҳарбӣ, аз апрели соли 2008 - муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб будааст.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2018
Қаллобии “корманди Агентии зидди коррупсия”: пул деҳ, ки ҷинояткоронро дастгир кунам
Аз декабри соли 2009 дар мақоми прокурори ҳарбии шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбӣ, аз майи соли 2010 прокурор – криминалисти шуъбаи тафтишотии прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ва аз декабри соли 2011 дар вазифаи прокурори ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ кор кардааст. Аз апрели соли 2012 вазифаи прокурори калони ҳарбӣ – криминалисти шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштааст.
Таъкид шудааст, ки Сафарзода аз феврали соли 2015 - ёрдамчии калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус, аз октябри соли 2015 - Сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ ва аз апрели соли 2018 сардори шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералии Тоҷикистон будааст.
Инчунин зикр шудааст, ки аз октябри соли 2018 дар вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва аз 5 июли соли 2021 ба мақоми мувоини аввали раиси ин Агентӣ таъйин шуд.
Ӯ донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала