Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҷанги ваксина: чӣ гуна Аврупо бо Спутник V мубориза мебарад

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik, Елена Караева. Мақомоти Фаронса ният доранд, ки барои як қатор касбҳо ваксинзанӣ зидди COVID-19 - ро ҳатмӣ кунанд. Миёни онҳо табибони ҳама сатҳҳо ва онҳое ҳастанд, ки дар хонаҳои пиронсолон ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ кор мекунанд.
Уҳдадорӣ маънои қабули санади дахлдори қонунгузориро дорад, ки имконияти радди эмкуниро ба танзим медарорад.
Дар сурати мавҷуд набудани далелҳои боварибахши тиббӣ, ба "ваксинбезорон" вазифаи дигар пешниҳод карда мешавад, ки тамоси мустақимро бо одамон истисно мекунад, ё муваққатан фаъолиятро бидуни гирифтани музди меҳнат қатъ кунад.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Nature мақола дар мавриди таъсирнокӣ ва бехатарии "Спутник V" - ро чоп кард
Чунин қоидаҳо аллакай дар Италия амал мекунанд, ки дар он ҷо, мутобиқи меъёрҳои демократия, онҳое, ки ин чораҳоро рад мекунанд, кӯшиш доранд, ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд, аммо то ба ҳол дар ин росто муваффақ нашудаанд: судҳо хуш надоранд, ки чунин даъвоҳоро баррасӣ кунанд ва қарорҳои адлияро бидуни хондани хулоса пешгӯӣ кардан мумкин аст.
"Агар ба манфиатҳои ҷамъият таҳдид шавад, пас хоҳишҳои шахсӣ дуюмиҷараҷа мешаванд".
Дар тӯли даҳсолаҳо ИА худро ҳамчун як мета-давлат муаррифӣ кард, ки дар он бартарияти ҳуқуқ ва озодиҳои хусусӣ зери шубҳа набуд, аммо пандемия ҳамаи кортҳоро омехта кард ва коронавирус ҳама чизро дар ҷои худ гузошт.
Дар замони бӯҳрон бо идоракунии пандемия мақомот дар ҳама сатҳҳо ба нокомӣ дучор омада, Ареопаги Брюссел ва мақомоти кишварҳои ҷамоа тасмим гирифтанд, ки тавассути паҳнкунии ваксинаҳои оммавӣ паҳншавии сироятро боздоранд. Ин аз як тараф.
Аз ҷониби дигар, суръати азими сироятёбӣ, ки мавҷҳояш дар тӯли якуним соли охир қитъаро домангир карданд, як зарра ҳам ҳадафи асосии муборизаи аврупоиҳои оддиро тағйир надодаанд. Ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ SARS-CoV-2 нест, балки Русия аст.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Мэтт Марри, муовини ёвари котиби давлатии ИМА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Pfizer ва Moderna: Тоҷикистон аз Амрико ваксина хост
Мубориза бо вирус яке аз эпизодҳои ҷанг бо Русия буд. Эҷод ва озмоиши ваксинаи Русия, оғози истеҳсолот ва маъракаи эмкунӣ марҳилаҳои мубориза барои бадном кардани доруи коронавируси Sputnik V ва пешгирии ваксинаҳои оммавӣ дар Русия буданд.
Барнома бо назардошти омилҳои мухталиф тартиб дода шуд, аммо омилҳои асосӣ инҳоянд: итоат ба қоидаҳои муқарраркардаи давлат ин намоиши итоаткорӣ ва "ғайриаврупоист"; Sputnik V "бехатар ва муассир буда наметавонад" ва худи ваксина "ба масунияти табиӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад".
Аъзоёни "оркестр", ки мебоист сюитаи фармоиширо иҷро мекарданд, маълум аст - "одамони бо чеҳраи хуб", бо прайси мухталиф ё бо овози дил ба навохтани кадастҳое, ки барои онҳо навишта шудааст, шурӯъ карданд.
Ҳамзамон, вақте ки дар худи Иттиҳоди Аврупо барои шарҳи ҷонибдорӣ аз рисола дар бораи "масунияти табиӣ" ва изҳори шубҳа дар бораи самаранокии ваксина, профессори хеле машҳури тиб дар Порис аз вазифаи мудири кафедра ронда шуд, дар шабакаҳои иҷтимоии Русия ҳаракати тарафдорони маҳз ҳамин идея афзоиш ёфт.
Вакцинация медсетра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оё пеш аз эмкунӣ аз COVID ташхиси антитела зарур аст?
Кӯшиши изҳори нобоварӣ ба ваксина аз Pfizer / BioNTech, ки он ҳоло маълум аст, дар давоми ду рӯз бо шармандагӣ барои табиби дигари скептики фаронсавӣ анҷом ёфт.
Филми Hold-Up, ки салоҳияти мақомоти Аврупоро зери шубҳа гузоштааст, аз платформаҳое, ки дар он гузошта шуда буданд, бардошта шуд. Аз тарафи дигар, дар Русия ваксинбезорҳо ва ҷонибдорони онҳо имкони бештар ва бештар барои изҳори мавқеи худро пайдо карданд.
Оғози маъракаи эмгузаронӣ дар Русия ба таври возеҳ ба роҳ монда шуда буд, ки шаҳрвандони Аврупо, махсус барои гирифтани ҳарду дозаи Sputnik V омада буданд. Ва агар Брюссел бо ғуррос задан ба Маҷористон иҷозат дод, ки Sputnik V -ро харидорӣ кунад, пас давлати дуюм - Словакия дигар иҷозат ҳам ба даст наовард.
Тақрибан пас аз эълони имкони хариди дору, бӯҳрони ҳукуматӣ ташкил карда шуд, то ба Братислав фаҳмонад, ки дар хона кӣ сардор аст ва сипас дар ВАО навиштанд, ки миқдори фиристодаи дору аз намунаҳои гирифташуда фарқ мекунад.
Вакцинация от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишк гуфт, пас аз чанд рӯзи ваксинагирӣ масуният ташаккул меёбад
Онҳо бо ёрии васоити ахбори оммаи Украина бо сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда, ба монанди "Европейская Правда" хабарро расонаӣ мекарданд.
Братислава таслим шуд.
Дар ин миён, сабабҳои баррасии саросемавори ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии доруҳои аврупоӣ, ки аз ҷониби Русия пешниҳод шуда буданд, тадриҷан маълум шуданд.
Брюссел худро бо тамоми шӯҳрати бюрократӣ ва стандартҳои духӯрагӣ нишон дод.
Агар ваксинаҳои Pfizer / BioNTech ва AstraZeneca (ки дар ниҳоят воқеан аз онҳо даст кашида буданд) дар режими суръатнок баррасӣ шуда, бар хилофи тамоми меъёрҳо (ба ҷои моҳҳо, омӯзиш якчанд рӯз идома кард), пас бо Sputnik V вазъият комилан мухолиф буд: ҳафтаҳои дароз ("ба мо боз як коғаз лозим аст, маълумоти иловагӣ ва маълумот лозим аст") ба дарозо кашид.
Зангҳои мунтазами байни Маскав, Порис ва Берлин, на он вақт, на дар фасли баҳор ва на имрӯз, дар авҷи тобистон, бояд иштибоҳбахш набошанд - дар ин ҳолат на сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо, балки котибони аврупоӣ тасмим мегиранд.
Онҳо бо ба дарозо кашидани тасвиби Sputnik V, ҳамзамон саъй карданд, ки раванди эмгузарониро дар Русия суст кунанд.
Медицинский работник держит в руке вакцину от COVID-19 Спутник-V  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Маскав озмоиши клиникии "Спутник V" барои наврасон оғоз ёфт
Ин амалҳо, маҳз ба монанди дум ба дум, пар ба пар, ба он чизе мувофиқат мекунанд, ки чанде пеш роҳбари дипломатияи аврупоӣ Боррелл "ҳабси Русия" номида буд, яъне маҳдудияти қобилиятҳои он (ҳатто агар ҳама чиз танҳо дар зеҳни шарикони аврупоӣ мавҷуд аст).
Дар ҳар сурат, ба аврупоиён аллакай таълим дода шуд, ки "аз Маскав ҳеҷ чизи хубе омада наметавонад", ҳатто вақте ки дасти Маскав ба маънои аслӣ ягона дар Аврупо ба Апеннин ҳамчун имови дастгирӣ ва кӯмак дароз карда шуда буд, вақте ки табибони ҳарбии Русия беморони итолиёвиро наҷот доданд.
Ва ҳангоме, ки Русия барои эмгузаронӣ даъват мекунад, Аврупо онро ҳамчун "ахлоқи диктатории Кремл" мешуморад, аммо ҷорӣ кардани ваксинаи ҳатмии зидди COVID-19 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо танҳо истиқбол ва тасдиқ карда мешавад.
Воқеан, миопия ва нотавонии фарқ кардани иттифоқчӣ аз рақиб як хусусияти мудимии сиёсатест, ки созмонҳои аврупоӣ дар тӯли даҳсолаҳо пай дар пай пеш мебаранд.
Боре чунин беморӣ боиси ҷанг шуд.
Умедворем, ки ақли солим дар ҷанги ваксина ғолиб хоҳад шуд. Ва нигаронӣ, тавре ки дар ИА мегӯяд, ба "манфиати умумӣ" бадал мешавад.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Эрон ба аввалин кишвари минтақа барои тавлиди ваксинаи коронаи “Спутник V” табдил шуд
Хуб, Маскав, дар пасманзари он чизе ки дар тӯли 18 моҳи охир рух медиҳад, тақрибан ҳамарӯза ҳам дар шаҳр ва ҳам дар ҷаҳон ҳамчун як аврупоии воқеӣ ва гуманист амал мекунад.
Вай таассубро рад карда, ихтилофи назарро як тараф монда, ҳар рӯз исрор меварзад, ки зиндагии ҳар шахс бебаҳост.
Ва дар пасманзари ин қувваи шӯҳратпарастӣ, ва афлесунии Брюссел, дар маҷмӯъ, манзараи хеле ҳузнангез менамояд.
Лентаи хабарҳо
0