Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Файзов бо СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро баррасӣ кард

© дафтари матуботи ҳукумати ВМКБМулоқоти Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон
Мулоқоти Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи фирориён аз Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот бо роҳбарони ВМКБ аз қабули фирориёни Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон тавсиф кардаанд.
"Қабули гурезаҳо аз Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити муташанниҷи минтақа, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии коронавирус худ як мисоли барҷастаи масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст", - таъкид шудааст дар мулоқоти Файзов бо намояндагони шарикони рушд.
Ба иттилои манбаъ, раиси ВМКБ аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудратӣ барои таъмини будубоши гурезагон ва мушкилот ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод.
 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Масъуд гуфт, равед сулҳ кунед: сӯҳбати Ағбар аз Зуҳурову Раҳмон то Толибону Амрико
Таъкид шудааст, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳолӣ корбарӣ намуда паноҳбурдагонро бо ғизо, рахти хоб, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ҳадафи дигари ин мулокот ҳамкории минбаъда бо СММ ва Бунёди Оқохон дар мавриди вазъи Афғонистону ҷой додани фирориён мебошад.
Манбаъ афзуд, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ин самт танҳо набуда, созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кишварро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи амалиёти созмони террористии мамнуъ - Толибон дар шимоли Афғонистон садҳо нафар аз ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала