Баргузории 4 мусобиқаи байналмилалӣ дар 1 моҳ дар Душанбе

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Аз 12 июл то 7 августи соли равон дар кортҳои "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва ҶДММ "Тоҷварз" 4 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад.
Мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир шуда, дар он иштироки беш аз 100 нафар варзишгар дар назар дошта шудааст.
Теннисная ракетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муайян шуданд
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ додааст, аз 30 июл то 7 август мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо унвони "President Cup -2021" ба нақша гирифта шудааст.
Аз мусобиқаҳои мазкур 2 мусобиқа миёни наврасони то 14-сола ва 2 мусобиқаи дигар миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мегардад.
Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд.
Варзишгарон имкон доранд, ки хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар намоянд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бемамониат ширкат варзанд.
Лентаи хабарҳо
0