Доктор Мясников доруи маъмулеро ном бурд, ки ба саломатӣ зарар дорад

© Sputnik / Владимир ПесняГлавный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Замона дигар мешавад ва таъсири воқеии баъзе доруҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сар баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. На ҳама доруҳое, ки маъмуланд, дар воқеъ барои организми инсон фоидаоваранд.
Пизишк ва ровии маъруфи телевизион Александр Мясников як доруи маъмулро гуфт, ки барои саломатӣ хатарнок аст.
Масалан, "Ранитидин" ("Азантак", "Зантак"), ки аксарияти мардум онро чун даврони қадим, барои дарди меъда истифода мекунанд.
Молодые люди в Парке Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Чӣ бояд кард, то тандурусту дарозумр шуд: пизишк роҳи бепулро нишон дод
Вақтҳои охир, ба ҷои ин дору дигар ҳабҳо аз қабили - "Омепразол", "Лантопразол" ва дигар "празолҳо" истифода мешавад.
Аммо, "Ранитидин" аз савдо гирифта нашуд. Он ҳатто дар мағозаҳои муқаррарӣ низ фурӯхта мешуд.
Дар соли 2020, ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири доруро ба организм аз нав омӯхт.

"Оё шумо медонед, ки аз моҳи апрели соли 2020 дар Амрико ва Аврупо ин дору (" Ранитидин "- шарҳ аз идора.) ба сабаби дар таркибаш вуҷуд доштани миқдори зиёди нитрозодиметиламин аз муомилот гирифта шудааст? Мо лоақал ҳуқуқ дорем аз ин хабар огоҳ шавем?! " - суол гузоштааст Мясников дар шабакаи Телеграмми худ.

Фурӯши "Ранитидин" дар кишварҳое чун Олмон, Швейтсария, Финландия, Чехия, Хорватия, Дания, Канада, Италия, Маҷористон, Испания, Лаҳистон, Португалия, Словения ва Сингапур мамнуъ шуд.
Русия низ дар канор намонд - Роспотребнадзор фармон баровард, ки "Ранитидин" - ро аз фурӯш бардоранд. Дар Тоҷикистон чӣ?
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала