Nature мақола дар мавриди таъсирнокӣ ва бехатарии "Спутник V" - ро чоп кард

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксШприц и ампула на фоне логотипа "Спутник V"
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамоно ваксини сохти Русияро сабти ном накардааст, гарчанде ин ваксин дар 70 кишвари олам мавриди истифода қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Ваксинаи "Спутник V" -и Русия тақрибан дар 70 кишвар истифода мешавад, аммо то ба ҳол аз сабаби баҳсҳо оид ба таъсири манфӣ аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт тасдиқ нагирифтааст, менависад маҷаллаи Nature.
Муаллифи мақола қайд мекунад, ки "Спутник V" аввалин доруи сабтиномшуда дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 шуд ва аз ҷониби даҳҳо иёлот тасдиқ гирифт, аммо барои паҳнкунии ҷаҳонӣ иҷозати СҶБ зарур аст. Бисёр эпидемиологҳои хориҷӣ маҳз ҷанбаи дар кутоҳтарин фурсат эҷод шудани ин ваксинро танқид намуданд.
Аммо ин нобовариҳо пас аз нашр шудани мақолае дар The Lancet маҷрои дигар гирифтанд, зеро дар мақола таъйид шуд, ки самаранокии ваксини истеҳсоли Русия 91,6 дарсад аст ва пас аз ваксин гирифтан бо ин дору ҷараёни беморӣ сабук мегузарад.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Барои кадом гурӯҳи одамон ваксинзанӣ хатар дорад? посухи Вазорати тандурустии Русия
Зимнан, моҳи апрели соли 2021, Институти Гамалеи маълумоти нав нашр кард, ки тибқи он самаранокии ваксини мазкур ба 97,6 фисад расидааст.
Аммо бо вуҷуди танқидҳои олимони ғарбӣ, ин дору дар кишварҳое чун Кореяи Ҷанубӣ, Аргентина, Венгрия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб таъсирнокии онро то 97,8 дарсар арзёбӣ карданд.
Дар мақола ҳамчунин зикр шудааст, "Спутник V" дар муқоиса бо "AstraZeneca" ва "Johnson & Johnson на як, балки ду аденовирус дорад, ки самаранокии онро дучанд мекунад.
Вакцинация препаратом КовиВак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
"КовиВак": хусусиятҳои ваксинаи "классикӣ" алайҳи COVID-19-и маркази Чумаков
Илова бар ин, пас аз ваксингирӣ бо "Спутник V" дар ягон давлати дунё ба фарқ аз ду ваксине, ки дар боло зикр шуданд, пайдо шудани тромб ба қайд гирифта нашудааст.
Аз ҷумла дар Аргентина, Бразилия ва Сан-Марино ягон маълумот дар мавриди оқибатҳои нохуб пас аз ваксингирӣ бо доруи сохти Русия сабт нагардидааст.
Муаллиф илова намудааст, ки омӯзиши минбаъдаи ваксини "Спутник V" дар Русия ва хориҷи кишвар таъсирнокии онро собит мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала