Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Нигаронии Ҳукумат аз бениқобҳо дар бозор, нақлиёт ва гулгаштҳо: назорат пурзӯр мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевРынок Мехргон в Душанбе
Рынок Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Таъкид гардид, ки дар Душанбе тадбирҳо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо баргузории як ҷаласа вазъи феълии гирифторшавӣ ба COVID-19 - ро дар пойтахт баррасӣ карда, риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштиро мояи нигаронӣ хонд.
Тибқи иттилои ҳукумати Душанбе, дар ҷаласа таъкид гардид, ки тадбирҳо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад.
"Давоми чанд рӯзи охир сокинону меҳмонони Душанбе нисбати саломатии худ ва атрофиён фориғбол гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намебаранд", - иттилоъ дод ҳукумати Душанбе.
Манбаъ аз қавли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид намуд, ки сабаби асосии бистаринамоии беморон дар беморхонаҳо, ин набастани ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки боис ба паҳншавии беморӣ мегардад.
Аз ҷумла зикр шуд, ки зимни наворбардорӣ дар Бозори Деҳқон маълум гардид, ки шумораи зиёди сокинон ба бозор бе ниқоб ворид мешаванд ва ҳамчунин аксарияти фурӯшандагони ин бозор низ бе ниқоб фаъолият менамоянд, ки боиси нигаронӣ аст.
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Боз ду марг аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат омори навро нашр кард
Шаҳрдории Душанбе таъкид намудааст, ки аз ин хотир корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавируси COVID-19 аз нав ба роҳ монда шаванду назорат пурзӯр карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии сироятёфтагон ба 13 690 нафар расидааст.
Шумораи шифоёфтагон дар шабонарӯзи ахир, 27 касро ташкил дода, дар умум аз ин вабо 13 437 кас халос шудаанд. Теъдоди фавтидагон аз аввали хуруҷи ин беморӣ расман 97 нафар гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала