Президенти Ҳаитиро паронданд

© AP / Dieu Nalio CheryПрезидент Гаити Жовенель Мойс
Президент Гаити Жовенель Мойс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Куштор шабона дар қароргоҳи президенти Ҳаитӣ, Жовенел Моиз рух додааст
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Сарвазири Ҳаитӣ, Клод Ҷозеф гуфт, шахсони номаълум президенти Ҳаитӣ Жовенел Моизро парронданд.
Ба иттилои сарвазир, ин фоҷиа шаби 7 июл рух додааст. Бар асоси иттилоияи расмӣ, ҷинояткорон ба қаламрави манзили хусусии президенти Ҳаитӣ ворид шуда, ба ӯ чанд бор тир холӣ кардаанд.
"Афроди мусаллаҳи номаълум, ки баъзеашон испанӣ ҳарф мезаданд, ба қароргоҳи президент ҳамла карданд", - гуфт Ҷозеф.
Вай афзуд, ки хонуми аввали Ҳаитӣ, Мартин Мари Этиен Ҷозеф низ дар ин ҳамла маҷрӯҳ шудааст. Дар мавриди вазъи саломатии ӯ тафсилот ироа нашудааст. Президенти Ҳаитӣ моҳи феврали соли равон ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд. Он замон хадамоти махсус тавонистанд ҳамларо пешгирӣ кунанд.
Рӯзи 23 нафар бо иттиҳоми табаддулоти давлатӣ, аз ҷумла судяи Суди Олӣ ва як афсари аршади полис боздошт шуданд. Ҳаитӣ кайҳост, ки бӯҳрони сиёсӣ дорад. Мухолифин борҳо кӯшиш кардаанд, ки Моизро ба истеъфо водор кунанд.
Вертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Сӯиқасд ба ҷони президенти Колумбия: навор аз ҷои ҳодиса
Тибқи конститутсия, ваколатҳои ӯ мебоист моҳи феврали соли 2022 ба итмом мерасиданд.
Жовенел Моис 26 июни соли 1968 дар Тру-ду Норд таваллуд шудааст. Падари ӯ савдогар ва деҳқон ва модараш дӯзанда буданд.
Ӯ дар интихоботи соли 2015 пирӯз дониста шуд, аммо мухолифин эътироз карданд ва дар коммиссияи махсус соли 2016 эътироф кардааст, ки дар раъйдиҳӣ қонуншиканиҳо сурат гирифтаанд. Дар овоздиҳии такрорӣ дар моҳи феврали соли 2017 Моиз президенти Ҳаитӣ интихоб шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0