Раиси Суғд аз нақшаи бунёди 300 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ гуфт

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, изҳор дошт, ки барои саноатикунонӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат аст, чӣ корҳо анҷом дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд мегӯяд, давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 7 миллиарду 408 миллион сомонӣ расид.
Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор доштааст, ки ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар назар аст.
Ӯ афзуд, ки дар ин корхонаҳо 9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам хоҳанд шуд. Манбаъ иттилоъ дод, ки тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ 52 корхонаю коргоҳ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Заместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Якҷо ба оянда: ноиби вазир гуфт, Русия аз Осиёи Марказӣ рафтанӣ нест
Аҳмадзода аз ҷумла аз сохтмони ду корхонаи коркарди маъдану консентрат дар ноҳияи Айнӣ хабар дод, ки иқтидори солонаи коркардашон 250 ҳазор тоннаро ташкил хоҳанд дод.
Ба иттилои раиси Суғд, 40 корхонаи пахтатозакунии вилоят на танҳо бозорҳои вилоят, балки ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро бо нахи пахта ва чигит таъмин мекунад. Корхонаҳои "Ангубин" ("Олим текстайл"), "Спитамен текстайл", "Нику Хуҷанд", "Ҷавонӣ", "Сатн", "Нассоҷи Хуҷанд", "Органик Ян" ва "Сомон гурӯҳ" дар сафи пеш қарор доранд. Аз ҷумла, дар панҷмоҳаи аввали соли равон корхонаҳои "Ҷавонӣ", "Нассоҷи Хуҷанд" ва "Сатн" 1,5 ҳазор тонна, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти худӣ, 596,2 тонна ришта истеҳсол карданд, - изҳор дошт Аҳмадзода.
Ӯ таъкид намудаст, ки барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0