Изтироби Рустами Эмомалӣ аз куштори Руфейда: аз назорати тафтишот то пурзӯр кардани ҷазо

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҳодисаи куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова фавран вокуниш кард
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятова сахт нигарон аст, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ.
"Ҳодисаи куштори ноболиғ Иноятова Руфейда, ки санаи чоруми июл сол дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, боиси нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ гардид", - афзуд манбаъ.
Котиботи маҷлис таъкид кард, ки раванди тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъии Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони "Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон" ба унвони Рустами Эмомалӣ, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Маленькая девочка играет на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Тафсилоти куштори даҳшатбори духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ
Раиси Маҷлиси миллӣ вобаста ба ҳодисаи мазкур Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералиро муваззаф намудааст, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешанд.
"Ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд", - таъкид кардааст Рустами Эмомалӣ.
Манбаъ илова мекунад, ки ҳамчунин ҷазо барои чунин ҷиноятҳо пурзӯр карда хоҳад шуд.
"Зимни ҷаласаи корӣ аз 11 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллӣ ба Прокурори генералӣ ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатии масъул ҷиҳати такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон дастур дода буданд", - ёдрас мешавад котибот.
Айни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.
Хабари куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Дар пайи он як гурӯҳ фаъолон ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд, ки ҷазо барои ин намуд ҷиноятҳо пурзӯр карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0